Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Амният қатли Бҳутторо маҳкум кард


Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо баргузории як ҷаласаи изтирорӣ қатли Беназир Бҳутто нахуствазири собиқ ва раҳбари мухолифони Покистонро башиддат маҳкум кард. Дар қатъномаи Шӯрои Амният ҳамлаи терористии ифротиён ба Беназир Бҳутто қотеъона маҳкум шудааст. Пештар аз ин Бан Ги мун дабири кулли Созмони Милал, низ қатли нахуствазири собиқи Покистонро "ҷинояти зишт" хонд. Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон қатли сиёсатмадори 54 солаи покистонро қотеъона маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG