Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти "вазири" Ал-қоида дар Ироқ


Сухангӯи идораи амниятии шаҳри Бағдод Қоссим Ал Муссавӣ мегӯяд, сарбозони Ироқ як узви олирутбаи созмони терористии Ал-қоидаро боздошт кардаанд. Ба гуфтаи ӯ Аҳмад Туркӣ Аббос ҳангоми даргирие дар ҷануби шаҳри Бағдод ба дасти сарбозони ироқӣ афтодааст. Қоссим Ал Муссавӣ афзуд, ки ин тундрав вазири дифоъи гурӯҳи тундрави “Давлатии Исломии Ироқ” аст, ки ин созмонро ҳалқаи Ал-қоида дар Ироқ медонанд. Аҳмад Туркӣ Аббос дар ҷараёни даргирӣ маҷрӯҳ шуда ва ҳоло дар банди нерӯҳои ироқӣ будааст. Дар айни ҳол низомиёни Амрико хабар доданд, ки дар амалиётҳои тоза ба зидди Ал-қоида нерӯҳои Ироқ ва эътилофӣ 12 терористоро кушта, 37 тани дигарро боздошт ва як гаравгонро раҳо кардаанд.

XS
SM
MD
LG