Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон қатли Бҳутторо маҳкум мекунад


Мақомоти Иёлоти Муттаҳида, Русия, Италия, Фаронса, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо куштори сарвазири собиқи Покистон Беназир Бҳутторо шадидан маҳкум карданд. Хонум Бҳутто имрӯз бар асари як таркиши маргталабона дар ҳамоиши ҷонибдоронаш дар шаҳри Равалпиндӣ ба ҳалокат расид. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар ин ҳодиса дасти кам 20 нафар кушта шуда даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.

Хабари куштори хонум Бҳутто боиси задухурдҳои ҷонибдорони ӯ бо пулис дар Равалпиндӣ, Пешовар, Қарочӣ дар дигар шаҳрҳои Покистон гардид.

XS
SM
MD
LG