Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дахлнопазирии вазир лағв шуд


Порлумони Албания дахлнопазирии вазири хориҷаи кишвар Лулзим Башаро, ки дар фасод гумонбар мешавад, лағв кард. Вазири хориҷа худ хостори лағви дахлнопазирияш шуд, то мақомоти додситонӣ барои эълони иттиҳоми расмӣ алайҳи ӯ имкон пайдо кунанд.

Лулзим Баша дар он гумонбар мешавад, ки тақрибан ду сол пеш, замони вазири нақлиёт буданаш, барои пазируфта шудани як тарҳи бузург ришват ситондааст. Вазири хориҷаи Албания иттиҳомро қатъӣ рад мекунад.

XS
SM
MD
LG