Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТВ Имедиа "худро аз бозиҳои сиёсӣ канор мегирад"


Пахши барномаҳои шабакаи телевизионии Имедиаи Гурҷистон дубора мутаваққиф гардид. Хабарнигорон мегӯянд, "аз бозиҳои зишти сиёсӣ" хаста шудаанд.

Ва аммо қатъи нашри барномаҳо ин дафъа на аз сӯи хадамоти амниятии Гурҷистон, балки бо ибтикори худи хабарнигорон сурат гирифт, ки ба гуфтаи онҳо, “аз бозиҳои зишти сиёсӣ” дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 5 январи соли 2008 хаста шудаанд. Ёдовар мешавем, 7 ноябри соли равон, баъди саркӯб шудани намоиши эътирозии мухолифин неруҳои амниятии Гурҷистон бинои шабакаи телевизионии Имедиаро забт ва пахши барномаҳои онро қатъ карда буданд.

Георгий Таргамадзе, раиси барномаҳои сиёсии шабакаи телевизиони Имедиа дар як нишасти хабарӣ дар Тифлис ташреҳ дод, ки мутаваққиф шудани пахши барномаҳо аз як сӯ, посух ба фишори мақомоти расмии Гурҷистон аст ва аз сӯи дигар, эътироз ба дахолати яке аз соҳибони шабака ва номзад ба мақоми раисҷумҳур Бадрӣ Патаркатсишвилӣ ба фаъолияти Имедиа:

«Бори дигар мегӯем, ки шабакаи телевизионӣ баста нашудааст ва фақат фаъолияташро мутаваққиф кардааст. Дар ҳамин ҳол, мо худро аз бозиҳои зишти сиёсӣ канор мегирем. Шумо инро чун эътироз алайҳи ҳукумат метавонед арзёбӣ кунед, ки аз фишор ва тавтеа кор мегирад ва чун эътироз алайҳи аъмоле низ, ки бо ширкати соҳиби шабака дар интихобот марбут аст

Рӯзҳои ахир ҷонибдорони миллиардери гурҷӣ Бадрӣ Патаркатсишвилӣ ва ҳукуматдорони Гурҷистон ҳамдигарро бо айбҳои сангин муттаҳам мекарданд. Чанд рӯз пеш Тифлис миллиардер ва номзад ба мақоми президентиро дар кӯшиши роҳандозии табаддулоти давлатӣ айбдор карда буд. Муовини додситони Гурҷистон Николай Гварамия гуфт, мақомот навореро зери даст доранд, ки дар он Патаркатсишвилӣ ба мансабдори вазорати умури дохила Иракли Кодуа барои пахши иттилоъи бардурӯғ 100 миллион доллар ваъда мекунад. Гварамия меафзояд, “тибқи нақшаи тарҳрезикардаи Патаркатсишвилӣ, Иракли Кодуа бояд ду қуттӣ бо баргаҳои тақаллубии интихоботиро намоиш медод ва мегуфт, ки мақомот ӯро маҷбур кардаанд, баргаҳои тақаллубиро ба қуттиҳо андозад ва аммо гӯё ҳисси ватандӯстӣ барои ин кор монеъ шудааст”.

Наворҳои ин гуфтугӯ аз тариқи телевизиони ҳукуматӣ намоиш дода шудаанд ва аммо бархе воқеӣ будани онро зери суол мебаранд. Георгий Жвания, бародари сарвазири ба таври асроромез аз дунё даргузаштаи Гурҷистон Зураб Жвания, ки раҳбарии ситоди пеш аз интихоботии Бадрӣ Патаркатсишвилиро бар ӯҳда дорад, мақомоти Гурҷистонро дар тӯҳмат айбдор кард.

Ҳамзамон, Патаркатсишвилӣ мақомоти Гурҷистонро дар он муттаҳам намуд, ки нақшаи дар Лондон ба қатл расондани ӯро тарҳрезӣ кардаанд. Додситонии Гурҷистон изҳор кард, ки мавзӯъи сӯиқасд ба ҷони миллиардерро пажуҳиш мекунад ва ҳамзамон ҳадс зад, ки сару садо дар бораи талоши куштори миллиардер шояд баҳонаест барои ба Ватан барнагаштани Патаркатсишвилӣ.

Зимнан, Патаркатсишвилӣ худро ягона рақиби воқеии Михаил Саакашвилӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Гурҷистон мехонад. Моҷарои ахири сиёсӣ ва мутаваққиф шудани пахши барномаҳои шабакаи телевизионии Имедиа дигар довталабони курсии президентӣ аз аҳзоби мухолифро сахт нороҳат кардааст, зеро барои онҳо Имедиа шояд ягона минбаре буд, ки аз тариқи он барномаҳои худро барои мардум муаррифӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG