Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон дипломатҳои аврупоиро ронд


Майкл Семпл - шаҳрванди Ирландия, кафили раиси намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон ва Мервин Петерсон -шаҳрванди Бритониё, мушовири аршади сиёсии СММ дар Афғонистон аз ин кишвар ихроҷ шуданд.

Олим Сиддиқӣ - сухангуи намояндагии СММ дар Кобул таъйид кард, ки ин ду дипломати аврупоӣ Кобулро тарк карда ва ба Покистон рафтанд.

Давлати Афғонистон дастур дод, ки ин ду нафар дар зарфи 48 соат Афғонистонро тарк кунанд, зеро онҳо дар вилояти Ҳилманд бо Толибон музокира анҷом додаанд ва ҳатто пули нақд ва аслиҳа дар ихтиёри онҳо гузоштаанд. Султонаҳмад Баҳин -сухангуи вазорати хориҷаи Афғонистон изҳор дошт, ки давлати Афғонистон бо назардошти манофеъи амниятии худ дар бораи ихроҷи дипломатҳои аврупоӣ тасмим гирифтааст:

"Бар асоси муқаррароти байналмилалӣ муассисоти кумакрасонӣ дар ҳар кишвар, аз ҷумла дар Афғонистон мукаллафанд, ки қавонини ин кишварро риоят кунанд. Дар қазияи Афғонистон ҳам тамоми хориҷиёне, ки дар Афғонистон ҳастанд, бояд мутобиқ бо муқаррароти Афғонистон амал кунанд. Ва ҳукумати Афғонистон ҳар иқдомеро, ки анҷом медиҳад ё анҷом дода ба хотири манофеъи миллиаш ва ба хотири манофеъи амниятиаш аст".

Як рузи пеш дафтари Ҳомид Карзай - раисҷумҳури Афғонистон низ изҳор дошт, ки ин ду дипломати аврупоӣ бо чунин кори худ ба амнияти миллии Афғонистон хатар эҷод кардаанд. Майкл Семпли ирлондӣ ва Мервин Петерсони бритониёӣ бештар аз даҳ сол дар Афғонистон кор кардаанд. Онҳо ҳатто қабл аз суқути режими Толибон дар соли 2001 низ дар ин кишвар будаанд. Мақомоти расмии СММ мегуянд, ин ду нафар бо сарони қабоил дар вилояти Ҳилманд мулоқот кардаанд ва он кори онҳо суитафоҳум ба вуҷуд овардааст. Олим Сиддиқӣ - сухангуи намояндагии СММ дар Кобул чунин мегуяд:

"Мо бовар дорем, ки ин суитафоҳум аст. Барои иҷрои барномаҳои худ мо бояд дар вилояти Ҳилманд дар худи маҳал бо мардум гуфтугу кунем, бишнавем, ки онҳо ба чӣ ниёз доранд, аз чӣ нигаронанд ва ниёзҳову нигарониҳои онҳоро ба ҳукумати марказии Афғонистон бирасонем. Ва ҳамаи талошҳои мо аз наздик бо ҳукумати Афғонистон ҳамоҳанг мешавад".

Бино ба гузоришҳо, Толибон ҳар гуна иртибот бо ду дипломати аврупоиро рад кардаанд. Хабаргузории исломии Афғонистон ё Афган Исламик Пресс навиштааст, ки Майкл Семпл душмани шадиди Толибон аст ва ҳар гуна иртиботи вай бо Толибон хилофи мантиқ мебошад. Як намояндаи Иттиҳодияи Аврупо, ки аз вай ном бурда намешавад, гуфтааст, ки масъалаи ихроҷ ё бозгашти дубораи Майкл Семпл- кафили раиси намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон ва Мервин Петерсон-шаҳрванди Бритониё ва мушовири аршади сиёсии СММ дар Афғонистон аз масъалаҳоест, ки дар сатҳи олӣ ҳал хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин манбаъ, Ҳавйэр Солоно - масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо бо ин кор машғул аст ва баъд аз бозгашти Ҳомид Карзай аз сафари Покистон оқои Солоно бо вай вориди гуфтугу хоҳад шуд. Созмонҳои байналмиллалии имдодрасонӣ дар Афғонистон ва таҳлилгарон мегуянд, бо густариши ҳамлаи Толибон имкони расонидани кумакҳои башарӣ ба баъзе вилоёти Афғонистон маҳдуд шудааст ва танҳо роҳи қатъи ҳамлаи Толибон музокира бо сарони қабоилу ақвом дар маҳалҳост.

XS
SM
MD
LG