Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори ҷонибдорони Навоз Шариф дар Покистон


Пулиси Покистон хабар дод, ки бар асари тирпарронӣ сӯи ширкаткунандагони як ҳамоиши пеш аз интихоботии ҷонибдорони сарвазири пешини кишвар Навоз Шариф чаҳор кас кушта ва чандин нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, тирпарронӣ аз маҳаллаи мансуб ба ҳизби пуштибон аз раиси ҷумҳур Парвиз Мушарраф сурат гирифтааст.

Навоз Шариф ҳаққи ширкат дар интихоботи порлумониро надорад в аммо ҳизби ӯ, ки аз неруҳои қавии сиёсии Покистон маҳсуб мешавад, барои пирӯзӣ дар интихоботи рӯзи 8 январи соли 2008-ум талош мекунад. Навоз Шариф сарвазири собиқи Покистон ва аз рақибони аслии Парвиз Мушарраф аст – раисиҷумҳури феълӣ соли 1999 баъди кудатои низомие қудратро соҳиб шуд, ки дар натиҷаи он ҳукумати Навоз Шариф суқут ва худи сарвазир кишварро тарк карда буд.

XS
SM
MD
LG