Пайвандҳои дастрасӣ

Беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар соли 2007


Нуъмонҷон Ҳакимов (аз рост) ҳангоми бозӣ

Нуъмонҷон Ҳакимов (аз рост) ҳангоми бозӣ

Федеросюни футболи Тоҷикистон беҳтаринҳоро дар соли 2007 эълом кард.

Нуъмонҷон Ҳакимов, футболбози дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, ва тими миллии кишвар беҳтарин футболбози сол эътироф гардид.
Алишер Тӯйчиев («Парвоз») беҳтарин дарвозабон, Наим Носиров («Регар» ТадАЗ-и Турсунзода) беҳтарин ҳимоятгар, Хуршед Маҳмудов («Регар» ТадАЗ) беҳтарин нимҳимоятгар ва Комил Саидов («ХИМА»-и Душанбе) беҳтарин ҳамлагар дониста шуданд.
Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва тими «Вахш»-и Қурғонтеппа, барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии кишвар, беҳтарин мураббии сол эълом шуд.
Дар байни доварон Ориф Ҷӯраев мақоми аввалро касб кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG