Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ситоиши Путин аз озмоиши мушакҳо


Раиси ҷумҳури Владимир Путин аз озмоиши муввафақонаи ду мушаки нави ҳастаии ин кишвар ситоиш карда ва онро “оташбозии тамошобоби идона” хонд. Ин ду мушаки Синева РСМ-54 рӯзи сешанбе, 25 декабр аз киштии зериобӣ дар баҳри Барентс партоб шуд. Чанд соат баъд аз ин як мушаки дурпарвози байниқоравии РС-24 аз озмоишгоҳи Плесетск низ партоб шуд, ки ба ҳадафаш дар нимҷазираи Камчатка расид. Қарор аст, ин навъи мушакҳои нави Русия, мушакҳои қадимаи замонии шӯравии ин кишварро иваз кунанд.
XS
SM
MD
LG