Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Сербистон ба кишварҳои ғарбӣ


Порлумони Сербистон бо тасвиби як санади расмӣ таҳдид кард, ки дар сурати эътироф шудани истиқолияти Косово аз сӯи кишварҳои ғарбӣ равобити дипломатӣ бо он кишварҳоро қатъ мекунад. Бар асоси ин санад, ҳамчунин дар сурати эътирофи истиқлолияти Косово Сербистон ҷараёнҳои ҳамоиш ба Иттиҳодияи Аврупоро муттавақиф мекунад ва намегузорад, то муайян шудани мақоми Косово дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар ин минтақа боз шавад. Дар минтақаи ҷудоихоҳи Косовои Сербистон 90 дар сади аҳолӣ албаниҳо ҳастанд ва мақомоти ин минтақа гуфтаанд, ки авоили соли оянда худро кишвари мустақил эълом хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG