Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷорҷ Буш буҷаи Амрикоро тасвиб кард


Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш тарҳи буҷаи 555 миллиардолларии Амрикоро имзо кард, ки 70 миллиард доллари он барои амалиётҳои ҷангӣ дар Ироқу Афғонистон масраф мешавад. Дар ивази ин буҷаи 70 миллиардолларӣ ҳеҷ гуна ҷадвали замонӣ барои ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ талаб нашудааст. Ин тарҳро як пирӯзии Ҷорҷ Буш медонанд, зеро вай таҳдид карда буд, ки дар сурати талаби ихроҷи нерӯҳо бар ивази маблағгузории ҷанг вай ингуна санадро вето хоҳад гузошт. Вакилони Ҳизби Демократ бо ваъдаи хотима додан ба ҷанги Ироқ соли гузашта аксари курсиҳои конгресси Амрикоро ба даст оварда буданд.

XS
SM
MD
LG