Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сӯхтор дар бинои асосии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон талафоти ҷонӣ дар пай надошт, аммо ба кишвар хисороти шадиди молӣ ва равонӣ ворид кард.

Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон мегӯяд, сабаби оташсӯзӣ дар яке аз куҳантарин биноҳо Душанбе расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ будааст. Вале мақомоти дигар гуфтаанд, шабакаи барқи донишгоҳ бо сабаби набуди шабакаи гармидиҳӣ дар он мавриди сӯиистифода қарор ёфтааст. Ин ҳодиса соати 13-у 30 дақиқа ба вақти Душанбе сар зада, ду ошёнаи болоии бинои донишгоҳро комилан тахриб намуд. Домани оташсӯзӣ беш аз 1000 метри мураббаъро фаро гирифт.
12 адад мошини оташнишон, ки ба маҳаллӣ ҳодиса расиданд, соатҳо дар муқобили алангаи оташ оҷиз буданд. Назарбой Ҷангиев, раҳбари гурӯҳи оташнишонӣ, мегӯяд: «Барои хомӯш кардани сӯхтор тамоми мошинҳои оташнишонии гарнизони Душанбе ва навоҳии тобеъи марказ сафарбар карда шудааст. Ягон нафар аз он зарар надида ва як қисми моликият низ наҷот дода шудааст. Сабаби тавсеъаи алангаи сӯхтор бисёр куҳна будани бинои донишгоҳ ва аз чӯб будани тамоми чордарҳои он аст».
Ин дар ҳолест, ки шоҳидони ҳол – донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ – мегӯянд, нахуст чанд мошини оташнишон ба маҳалли ҳодиса расид, вале бинобар набуди об андаруни онҳо, аз хуруҷи сӯхтор саривақт ҷилавгирӣ нашуд. Марҷона, донишҷӯи соли аввали таҳсил, ки ҳангоми оташсӯзӣ дар ошёнаи савуми ин бино будааст, мегӯяд: «Як мард давида ба ошёнаи сеюм баромад ва фарёд зад, ки аз бино берун шавем ва мо зуд аз бино берун шудем. Дар аввал бӯи резин меомад ва баъдан якбора оташ аланга заду садои таркише шунида шуд. То оташнишонҳо омаданд, ки тамоми ошёнаи севум сӯхт. Онҳо дер омаданд ва чун об надоштанд, гашта обгирӣ рафтанд. Шояд агар саривақт ва бо об меомаданд, ин қадар оташсӯзии калон намешуд».
Ва донишҷӯёни дигаре, ки бо чашмони тар аз паси панҷараи бино ба оташсӯзии донишгоҳ назар мекарданд, мегӯянд:
«Мо дар утоқи биология дарс мехондем, ки акнун сӯхта, ҳамроҳи дастгоҳҳои тиббӣ пурра тахриб шуд. Вақте берун баромадем, аллакай боми бино сӯхта ба сари мардум мерехт…»
«… Баъди чанд дақиқаи сӯхтор тамоми ошёна месӯхт, оташнишонҳо омаданд, аммо об надоштанд ва хомӯш карда натавонистанд. Ақаллан ошёнаи дувумро наҷот надоданд…»
Дар ҳамин ҳол як устоди кафедраи биологияи донишгоҳи тиббӣ изҳор намуд, ки аз тахриби як пойгоҳи қавии илми тибби тоҷик бисёр мутаассиф аст. Ин омӯзгор, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, гуфт, «Толори мутолиъаи китоб, китобхона бо шумори зиёди адабиёти нодири тиббӣ ва фанновариву кашфиётҳои муҳимми тиббӣ ба коми оташ рафт, ки барои эҳёи дубораи илми тиб дар Тоҷикистон то 20 соли дигар лозим хоҳад шуд».
Устоди Донишгоҳи тиббӣ ҳамчунин гуфт, ки ахиран Ожонси швейтсарии оид ба ҳамкорӣ ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 180 000 доллари амрикоӣ китобҳои нави илмӣ тақдим карда буд, ва, ҳазор афсус, ин ҳама ба коми оташ рафт.
Ҳаҷми зарар ҳанӯз мушаххас нашудааст, аммо устодону донишҷӯёни донишгоҳ мегӯянд, ки ба ин маркази илми тиб хисороти беҳисоби моддӣ расидааст.
Дар ин иртибот масъулини ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гуфтанд, ки барои ҷуброни хисороти донишгоҳ чора меандешанд. Зулайхо Зокирова, муовини раиси ноҳия мегӯяд: «Мо тамоми талошамон барои оташнишонист, оянда кӯшиш мекунем, барои барқарор кардани бинои донишгоҳ тамоми нерӯямонро равона намоем…»
Дар ҳамин ҳол додситони Душанбе Қурбоналӣ Муҳаббатов, ки дар маҳалли ҳодиса қарор дошт, гуфт, ки бо анҷоми оташсӯзӣ ва муайян кардани сабаби аслии сар задани он, парвандаи ҷиноӣ дар ин робита боз хоҳад.
Дар ҳоле ки ду ошёнаи бинои Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, аз бонуфузтарин донишгоҳҳои кишвар ва минтақа, сӯхта, тахриб шуд, намояндагони ин мактаби олӣ мегӯянд, хадамоти оташнишонӣ натавонист, онро саривақт хомӯш бикунад, Аммо оташнишонҳо иддао доранд, ки мошинҳояшон пуроб буд ва худи масъулини донишгоҳи мазкур қоидаҳои зиддисӯхторро риоят намекардаанд.
Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли 1939 таъсис шуда, ягона мактаби олии тиббӣ дар кишвар маҳсуб меёбад. Соли равон наздики 1200 донишҷӯ ба ин донишгоҳ шомил шуд ва дар маҷмӯъ беш аз 5 000 нафар дар он таҳсил мекардаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG