Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: Эрон ба ғанигардонии уран ниёз надорад


Русия мегӯяд, ин кишвар нерӯгоҳи ҳаставии Бушаҳрро бо маводи сӯхти ҳаставӣ таъмин мекунад ва аз ин рӯ, Эрон ба роҳандозии барномаи ғанигардонии уран ниёзе надорад. Дар сӯҳбат бо нашрияи "Время новостей", чопи Маскав, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфтааст, " ба фикри мо Эрон ба татбиқи барномаи ғанигардонии уран эҳтиёҷи иқтисодӣ надорад."
Дар ин байн радиои давлатии Эрон аз нақли вазири мудофиаи Ҷумҳурии исломӣ Мустафо Муҳаммад Наҷҷор овардааст, ки Русия ба ин кишвар мушакҳои низоми мудофиаи зидди ҳавоии навъи S-300 таҳвил медиҳад. Вазири эронӣ афзудааст, ки вақти интиқоли мушакҳо ба Эрон баъдан муқаррар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG