Пайвандҳои дастрасӣ

Немтсов аз сабқати президентии Русия даст кашид


Сиёсатмадори либерал Борис Немтсов номзадиашро аз сабқати президентии Русия канор кашид. Ба гуфти номбурда мухолифин бояд номзади ягона дошта бошанд. Дар як изҳорот Немтсов: собиқ муовини сарвазири Русия ва номзади ҳизби Иттиҳоди нерӯҳои ростгаро (СПС) навиштааст, ки Кремл интихоботи президентиро ба мазҳака табдил додааст. Дар изҳороти ӯ таъкид шудааст, ки мухолифин ба номзади воҳид эҳтиёҷ доранд ва аз ин рӯ, ӯ ба қароре омадааст, ки номзадиашро аз сабқати президентӣ берун кашад.
XS
SM
MD
LG