Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бадшавии вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон


Тибқи гузориши созмони байнулмилалии «Freedom House» барои соли 2007, дар Тоҷикистон вазъи озодии матбуот бадтар шудааст. Дар байни 195 кишвари ҷаҳон, ки сатҳи озодии матбуоти онҳо мавриди таҳқиқи ин созмон қарор гирифтааст, Тоҷикистон дар 166-ум зина ҷой дода шудааст. Ин мавқеъ назар ба гузориши соли гузаштаи «Freedom House» як зина поинтар аст. Ин дар ҳолест, ки Афғонистон аз рӯи ин нишондод беш аз даҳ зина болотар аз Тоҷикистон қарор гирифтааст, яъне озодии матбуот дар ин кишвар ба маротиб беҳтар будааст. Дар поинтарин зинаҳои рӯйхати «Freedom House» Узбакистон ва Туркманистон ҷой гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG