Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия ҳамла болои ошӯбгарони курдро тасдиқ кард


Низомиёни Туркия тасдиқ мекунанд, ки субҳи имрӯз ҳавопаймоҳои ин кишвар пойгоҳҳои ошӯбгарони курд дар манотиқи наздимарзии шимоли Ироқро бомбаборон карданд.
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Туркия изҳор намудааст, "ҳамлаи ҳавоӣ замоне ба амал омад, ки гурӯҳи бузурги террористон ба гузаронидани зимистон дар 8 ғору паноҳгоҳи минтақаи Зар омодагӣ мегирифтанд."
Ситоди кулли артиши Туркия мегӯяд, ки ҳамла субҳи 26 декабр оғоз ёфт.
Сар аз 16-уми декабр ин сеюмин ҳамлаи тасдиқшудаи Туркия болои ошӯбгарони курд аст. Ҳамчунин низомиёни Туркия иброз доштаанд, ки 18-уми декабр воҳидҳои заминӣ ба ҷустуҷӯи ошӯбгарон фиристода шуданд.
Рӯзи сешанбеи 25-уми декабр низомиёни Туркия иддао карданд, ки аз 16-уми декабр ба ин тараф дар шимоли Ироқ беш аз 200 ҳадафи марбут ошӯбгарони курд мавриди ҳамла қарор гирифта, садҳо ошӯбгар ба қатл расиданд.
XS
SM
MD
LG