Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ:"Ғалатфаҳмӣ" боиси ихроҷи дипломатҳо шуд


СММ мегӯяд, ки имрӯз бо ҳукумати Афғонистон он "ғалатфаҳмӣ"-ро, ки боиси дархости ихроҷи ду дипломати аврупоӣ аз Афғонистон шудааст, баҳс мекунад.
Ҳукумати Афғонистон иддао дорад, ки дипломатҳо бо Толибон робита доштаанд.
Рӯзи сешанбе мақомоти Афғонистон талаб карданд, ки ду дипломат: яке ходими идораи Иттиҳодияи Аврупо ва дигаре мансабдори СММ аз қаламрави Афғонистон берун шаванд.
СММ мегӯяд, мансабдори СММ шаҳрванди Британия буда, дар тӯли 48 соати наздик кишварро тарк мекунад.
То ҳол Иттиҳодияи Аврупо дар масъалаи ихроҷи дипломати ин созмон, ки шаҳрванди Ирландия мебошад, чизе нагуфтааст.
Ба ақидаи СММ "ғалатфаҳмӣ" баъди сафари ду дипломат ба шаҳри Мусо Қалъаи вилояти ҷанубии Ҳилманд ба вуқӯъ пайваст. Чанд рӯз пеш артиши Афғонистон дар Мусо Қалъа тасарруфи 10-моҳаи Толибонро хотима бахшид.
СММ иброз доштааст, ки дипломатҳо бо ҳадафи ташхиси кӯшишҳои эҳёи назму субот ба Мусо Қалъа рафта буданд.
XS
SM
MD
LG