Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БАБР ба Тоҷикистон 20 миллион доллар қарз дод


Бонки аврупоии Бозсозӣ ва Рушд (БАБР) ба се бонки Тоҷикистон барои сармоягузории соҳаи кишоварзии ин кишвар ба маблағи 20 миллион доллари ИМА қарз ҷудо кардааст. Дар ин бора хабаргузории «Ховар» иттилоъ додааст. Гуфта мешавад, аз ҷумла 16 миллион доллар ба «Агроинвестбонк», 3,5 миллион доллар ба «Тоҷиксодиротбонк» ва 1,2 миллион ба бонки «Эсхата» дода шудааст ва ин маблағҳо тавассути бонкҳои мазкур барои сармоягузории корхонаҳои хурд ва миёна дар навоҳии кишоварз масраф хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG