Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай ба Покистон рафт


Имрӯз бо сафари дурӯзаи расмӣ президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай вориди Покистон шуд.
Имрӯз раисҷумҳур Карзай бо президенти Покистон Парвез Мушарраф ва сарвазири ин кишвар Муҳаммадмиён Сумро мулоқот хоҳад дошт.
Раҳбари афғон ва ҳукумати ин кишвар муттасил аз Покистон интиқод мекунанд. Ба қавли онҳо Покистон бар зидди ҷангҷӯён, ки аз дохили Покистон болои Афғонистон ҳамла мекунанд, ба қадри кофӣ муқовимат намекунад. Чанд вақт инҷониб артиши Покистон бар муқобили Толибону Ал-Қоида амалиёти низомӣ пеш мебарад, вале натиҷаи он зиёд муассир нест. Дар шимолу ғарби Покистон ҷангҷӯён чандин амалиёти маргталабона роҳандозӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG