Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА Қирғизистонро танқид кард


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳукумати Қирғизистонро танқид кард, ки ҳангоми пароканда сохтани тазоҳуроти тарафдорони мухолифин, ки бо нишони норозигӣ аз натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ эътироз доштанд, аз нерӯи беш аз ҳад истифода бурдааст.

Дар интихоботи Қирғизистон ҳизби раисҷумҳур Қурмонбек Боқиев “Оқ Жол” аксарияти курсиҳои порлумониро ишғол намуд. Бо вуҷуди он ки ҳизби мухолифи “Отамакон” дар интихобот ҷои дуввумро гирифт, ягон намояндаи он ба парлумон роҳ наёфт. Ин ҳизб ва дигар гурӯҳҳои мухолифин мақомоти кишварро дар сохтакориҳо ва қонуншиканӣ дар интихобот айбдор карданд.

Нозирони байнулмилалӣ аз САҲА гуфтанд, раъйдиҳӣ дар Қирғизистон мувофиқ ба меъёрҳои ин созмон ва тааҳҳудоти худи Қирғизистон сурат нагирифт.

Кормандони пулис роҳпаймоиҳои тарафдорони ҳизби “Отамакон”-ро дар Бишкек ва дигар минтақаҳо пароканда ва баъзе эътирозгаронро боздошт намуданд. Дар баёнияи расмии САҲА омадааст, ки раиси ин созмон дар робита ба суистифода аз нерӯ аз ҷониби пулис ва бархурди дурушт ҳангоми боздошти намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва фаъолони ҳуқуқи инсон изҳори таассуф мекунад.

Ғарб дар тули солҳои зиёд Қирғизистонро ҳамчун ҷазираи демократия миёни кишварҳои аксаран худкомаи Осиёи Марказӣ меномид. Аммо интихоботи ахир ба обруи ин кишвар латма задааст. Маркус Мюллер - намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба ҳукумати Қирғизистон ҳушдор дод, барои ислоҳи вазъ иқдом кунад. Дар изҳороти ӯ омадааст, ки ба манфиати идомаи раванди демократӣ ва суботи кишвар камбудиҳои интихобот бояд баррасӣ ва ислоҳ шаванд.

XS
SM
MD
LG