Пайвандҳои дастрасӣ

Чубайс замони нави оғози кори Сангтӯдаро эълон кард


Анатолий Чубайс

Анатолий Чубайс

Анатолий Чубайс, раиси ширкати "ЕЭС"-и Русия гуфт, нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 нимаи дуввуми моҳи январ, ба кор сар мекунад.

Анатолий Чубайс рӯзи сешанбе, 25 декабр дар вилояти Свердловск ба хабарнигорон гуфтааст, бар асоси ҷадвали замонии нави таҳиякардаи ӯ нахустин генератори Сангтӯда - 1 рӯзи 18 январи соли оянда бояд ба тавлиди нерӯи барқ оғоз кунад.

Вале дар ҳамин ҳол, мақомоти энержии тоҷик дар мавриди замони нави оғози кори нерӯгоҳи Сангтӯда-1 чизе гуфта натавонистанд.



Дар ин мавзӯъ:

Барканориҳои нахустин дар нерӯгоҳи Сангтӯда-1

С. Степашин "Сангтуда-1"-ро тафтиш кард



Бар тибқи ваъдае, ки қаблан мақомоти ширкати РАО ЕЭС супурда буданд, мебоист ин нерӯгоҳ дар таърихи 21 декабр ба тавлиди нерӯи барқ оғоз мекард.

Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда - 1, ки имкони тавлиди 670 мегаватт нерӯи барқро хоҳад дошт, тавассути шикати РАО ЕЭС – и Русия эҳдос мешавад. Ин ширкат 75 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳи мазкурро дар ихтиёр дорад.

XS
SM
MD
LG