Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи нави Чубайс дар мавриди Сангтӯда -1


Анатолий Чубайс раиси ширкати РАО ЕЭС-и Русия гуфтааст, ки нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 нимаи дуввуми моҳи январ, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Анатолий Чубайс рӯзи сешанбе дар вилояти Свердловск ба хабарнигорон гуфтааст, бар асоси ҷадвали замонии нави таҳиякардаи ӯ нахустин генератори Сангтӯда - 1 рӯзи 18 январи соли оянда бояд ба тавлиди нерӯи барқ оғоз кунад. Бар тибқи ваъдае, ки қаблан мақомоти ширкати РАО ЕЭС супурда буданд, мебоист ин нерӯгоҳ дар таърихи 21 декабр ба тавлиди нерӯи барқ оғоз мекард. Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда - 1, ки имкони тавлиди 670 мегаватт нерӯи барқро хоҳад дошт, тавассути шикати РАО ЕЭС – и Русия эҳдос мешавад, ки ин ширкат 75 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳи мазкурро дар ихтиёр дорад.

XS
SM
MD
LG