Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонистон ду дипломатро меронад


Ҳукумати Афғонистон аз ду дипломати аврупоӣ хостааст, бинобар эҷоди хатар ба амнияти ин кишвар Афғонистонро тарк кунанд. Бино бар асоси гузоришҳо, кормандони Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Милал рӯзи душанбе ба вилояти ҷанубӣ ва ноороми Ҳилманди Афғонистон сафар кардаанд. Ҳумоюни Ҳамидоза - сухангӯи дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон - гуфт, ки ин ду нафар ба фаъолиятҳое машғул буданд, ки вазифаи онҳо нест. Гуфта мешавад, ин ду нафар шаҳрвандони Бритониё ва Ирландия мебошанд. Ҳумойуни Ҳамидзода гуфт, тафсилоти бештар доир ба ин ҳодиса ба зудӣ эълом хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG