Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳви ним миллион мурғ дар Русия


Дар Русия ба хотири ҷилавгирӣ аз тавсиаи бемории зукоми мурғӣ дар як корхонаи мурғпарварӣ бештар аз ним миллион мурғро нобуд кардаанд. Дар ин корхонаи воқеъ дар шаҳри Ростови лаби Дон як мавриди бурузи ангезандаи зукоми мурғӣ мушоҳида шудааст. Коршиносони байналмилалӣ метарсанд, ки вируси кушандаи Эйч 5 Эн 1 метавонад ба осонӣ тағйири шакл ва ба инсон низ сироят кунад ва сабаби пандемияи ин бемории хатарнок шавад.
XS
SM
MD
LG