Пайвандҳои дастрасӣ

Қаттолтарин сол барои журналистон


Закия Закӣ, хабарнигори радиои «Садои Сулҳ» аз маъруфтарин хабарнигорзан дар Афғонистон маҳсуб мешуд. Шаби 5 июн, як гурӯҳи силоҳбадаст ба манзили Закия ҳамла оварда, ӯро дар бистари хобаш кушт.

Дар кишваре, ки 70 дарсади ҷамъияташ ва умдатан занону духтарон бидуни хатту савод боқӣ мемонанд ва таъсири суннатҳои падаршоҳӣ ҳамчунон амиқ аст, Закия бо истифода аз ҳар фурсати мумкин занону духтаронро ба сӯи саводмоӯзӣ даъват мекард. Ва нафақат даъват, балки дар ин роҳ ҷасурона амал ҳам мекард. Закия бар изофаи кор дар «Садои сулҳ», ба ҳайси яке аз нахустин хабарнигорони зан дар Афғонистон ҳамчунин мудирии як мактабро бар ӯҳда дошт ва низ вакили Лоя Ҷирга, маҷлиси қонунгузори Афғонистон буд. Қотилони Закия Закӣ то ҳанӯз дастгир нашудаанд.

Фасодкорӣ дар зинаҳои болоии давлат, нақзи ҳуқуқи башар ва ҳамлаи давлат ба озодиҳои шаҳрвандӣ - ин буд мавзӯъи аслии гузоришу мақолаҳои ҳаррӯзаи Алишер Соибов.

Ин хабарнигори 26-сола ва мунаққиди давлати Узбакистон дар Ӯши Қирғизистон ба сар мебурд ва бо забони узбакӣ ва бо номи “Сиёсат” нашрияе таъсис дода буд, ки дар як муддати кӯтоҳ дар ҷануби Қирғизистон маъруфияти зиёд пайдо кард. Алишер Соибов дар ин нашрия фасодзадагии мансабдорони баландпояи Узбакистонро фошофош мегуфту менавишт, нотарсона пойи сӯҳбати аъзои ҳаракатҳои манъшудаи мазҳабие чун Ҳаракати исломии Узбакистон ё Ҳизб-ут-Таҳрир менишаст, рӯйдодҳои хунини Андиҷонро таҳқиқ мекард, бо онҳое мусоҳиба меорост, ки дар пайи он ҳаводиси хунин тарки ватан карда ва дар урдугоҳҳои паноҳҷӯён дар Қирғизистон ба сар мебурданд. Ин пора аз охирин мусоҳибаи Алишер Соибов бо бахши узбакии Родиёи Озодист, ки моҳи август, ҳамагӣ ду моҳ қабл аз қатли ӯ анҷом шуда буд.

“Як чизи мудҳиш дар масоили феълии Қирғизистон ин аст, ки фишор алайҳи гурӯҳҳои мазҳабӣ, ки дар зери либоси мубориза алайҳи террористҳо анҷом мешавад, метавонад алайҳи гурӯҳҳои дигар низ истифода шавад. Фардо мухолифин низ метавонанд бо айни сарнавишт рӯбарӯ шаванд. Онҳо ё созмонҳои ғайридавлатӣ низ метавонанд таҳти фишор қарор бигиранд. Мо аллакай аломатҳои чунин ранг гирифтани корро мебинем: хабарнигорони мустақил таҳти пайгарди маъмурони амниятии Қирғизистон қарор мегиранд, намояндагони созмонҳои ғайридавлатиро ба ҷосусӣ муттаҳам мекунанд, тарафдорони мухолифин ба ҳамкорӣ бо тундравони мазҳабӣ муттаҳам мешаванд. Ҳамаи ин мояи нигаронии амиқи ман шудааст.”

Вақте риштаи умри Алишер Соибов шоми шуми 24 октябр дар натиҷаи як сӯиқасди то ҳол мармуз бо се тири туфанг канда шуд, ангушти иттиҳоми бисёриҳо пеш аз ҳама ба сӯи хадамоти амниятии ғолибан ҳамсоякишвари Узбакистон, як ҳадафи дигари интиқодоти Алишер Соибов баланд шуд. Вале қотилони ин хабарнигорро то ҳол пайдо накардаанд.

Закия Закӣ ва Аҷмал Нақшбандӣ дар Афғонистон, Алишер Соибов дар Қирғизистон, Сокин Товусҷонов дар Қазоқистон, Иван Сафронов дар Русия, Грант Динк дар Туркия… Феҳрасти асомии хабарнигорони кушташуда дар соли 2007, муттаассифона, бо ин чанд исм тамом намешавад.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон шумори хабарнигорони кушташудаи тайи соли 2007 дар саросари ҷаҳонро 64 нафар баровард кардааст. Ин созмони амрикоӣ ҳамин тавр соли 2007-ро пурқурбонитарин сол барои журналистон аз соли 1994 ба ин сӯ ном бурдааст. Бино бар омори ин созмон, тақрибан нисфи журналистони кушташуда, дақиқан 31 нафар ҷони худро дар Ироқ аз даст додаанд. Аз ҷумла, Хамаил Мӯҳсин Халаф ва Назар Абдулвоҳиз Разӣ, ду хабарнигори Радиои Ироқи Озод, бахши ироқии Радиои Аврупои Озод - Радиои Озодӣ.

Охирин гузориши Хамаил Мӯҳсин Халаф шоми 4 апрел дар барномаҳои Радиои Ироқи Озод пахш шуд. Замони нашри ин гузориш аз ғайб задани хабарнигор аллакай як рӯз сипарӣ шуда буд. Рӯзи 5 апрел ҷасади аз ноҳияи сараш тирхӯрдаи Хамаилро дар минтақаи Одили Бағдод, дар мавзеъе начандон дур аз манзили зисташ пайдо карданд.

Хамаил бо собиқаи тақрибан сисолаи гӯяндагӣ дар телевизиони давлатии Ироқ аз чеҳраҳои саршинос ва шинохташуда дар саҳнаи матбуоти ироқӣ маҳсуб мешуд ва ӯ як қурбонии дигари маъракае гардид, ки чирикиҳои ироқӣ алайҳи шахсиятҳои саршиноси ин кишвар ба роҳ андохтаанд.

Президенти Радиои Аврупои Озод Радиои Озодӣ Ҷеф Гедмин бо тавсиф аз ҳунар ва садоқати Хамаил Халаф гуфт, хонум Хамаил хабарнигори ҷасуре буд, ки барои кишвари худ беҳтарин сарнавиштро орзу мекард ва бовар дошт, ки мардуми Ироқ шоистаи як ояндаи осудаву шукуфон ҳаст. Марги Хамаил Халаф се фарзанди ӯро ятим кард.

Ҳанӯз аз марги Хамаил Халаф ду моҳ ҳам нагузашта ва ҳанӯз ашки мотами ӯ дар чашмони пайвандон ва ҳамкоронаш нахушкида, Назар Абдулвоҳид Разӣ, хабарнигори дигари Радиои Ироқи Озод дар натиҷаи як сӯиқасд дар шаҳри Аморра дар ҷануби Ироқ кушта шуд. Разӣ дар ҳавлии меҳмонсаро мунтазири ҳамкоронаш буд, ки як нафари мусаллаҳ аз як мошини боркаш оташ кушод. Шоҳидон мегӯянд, чаҳор тир дар асари ин тирандозӣ ба Назар асобат карда, ва се фарзанди ӯро бепадар барҷой гузошт.

Назар Абдувоҳид Разӣ, ки ҳамчунин барои хабаргузории Асват-ал-Ироқ ва рӯзномаи ас-Сабоҳ ал-Ҷадид кор мекард ва раҳбарии як созмони ғайридавлатии хабарнигорони ҷавонро ҳам бар ӯҳда дошт, барои фаъолиятҳои хабарнигориаш чандин дафъа ҳадафи таҳдид қарор гирифта буд.

Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон мегӯяд, аз замони оғози ҷанги Ироқ инак 5 сол боз ин кишвар хатарноктарин қаламрави дунё барои хабарнигорон боқӣ мемонад. Тайи ин 5 сол дар Ироқ 124 хабарнигор кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG