Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мудохилаи зиёди давлат ва қонунҳои номукаммал аз монеъаҳои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон номида шуданд.

Дар ин мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон 1300 нафар аз соҳибкорону тоҷирон ва косибону ҳунармандон ширкат доштанд. Соҳибкорони тоҷик бештар атрофи мушкилоти фаъолияти худ сӯҳбат карда ва аз раисҷумҳур хостанд, ки ба рафъи онҳо мусоъадат кунад.

Бештари соҳибкорон ва тоҷирон дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти мавҷуд дар роҳи фаъолияти худро матраҳ карданд. Мавонеъи идороти молиёту гумрук, тафтишоти пайдарпайи идороти мақомоти тафтишотӣ, мушкили дарёфти қарз бо баҳраи андак, набуди қавонини соҳавӣ ва мавҷудияти ихтилофот дар дохили қонунҳо, муносибати сарди ҳокимони маҳаллӣ, маҳрумияти соҳибкорон аз имтиёзоти молӣ ва ниҳоят ба таври кофӣ дастгирӣ нагардидани ин соҳа аз сӯи давлат аз ҷумла масоиле буданд, ки соҳибкорон дар ин мулоқот матраҳ ва ҳалли ҳарчи зудтари онро дархост карданд.

Назари соҳибкорон

Сайидхӯҷа Тайибов - масъули як ширкати сохтмонӣ ва яке аз ширкатдорони нишасти мазкур бар ин назар аст, ки дар сурати дастгирӣ ёфтани пешниҳодоти матраҳкардаи соҳибкорон аз сӯи давлат, соҳаи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон рушд хоҳад кард. Оқои Тайибов гуфт, кӯмак ва дастгирии молии давлат ва махсусан аз тарафи бонкҳо додани қарзҳои дарозмуддат ва бо баҳраи камтар имкон медиҳад, ки фаъолияти тоҷирону соҳибкорон равнақ ёбад.

Мукаррамаи Қаюмзод, як хонуми ҳунарманди тоҷик, ки раёсати Бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошта ва дар чандин ҳамоишҳои байналмилалӣ маҳсулоти худро ба намоиш гузоштааст, набуди қонунҳои соҳавиро яке аз мушкилоти умда дар роҳи рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Ба эътиқоди Баҳодур Азимов - раиси корхонаи тавлиди қолинҳои шаҳри Қайроққум дар шимоли Тоҷикистон, мудохилаи мақомоти маҳаллӣ, набуди шароити баробари корхонаҳои давлатӣ бо ғайридавлатӣ ва андозбандии ғайривоқеӣ боис шудааст, ки соҳибкорӣ дар кишвар равнақи хуб надошта бошад.

Посухи раисҷумҳур

Эмомалӣ Раҳмон - раисҷумҳури Тоҷикистон зимни арзёбии соҳаи соҳибкорӣ ва тиҷорат дар кишвар гуфт, аксари пешниҳодоти ироашуда барои омӯзиш ва баррасӣ ба ниҳодҳои зидахли давлат супорида хоҳад шуд. Вай гуфт, ба манзури пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии воҳидҳои кишоварзӣ аз соли оянда бонкҳои кишвар дастур гирифтаанд, ки қарзҳоро мустақим дар ихтиёри кишоварзон гузоранд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки аз оғози соли оянда қонун дар бораи афви дороиҳои шаҳрвандон ба иҷро гузошта мешавад, ки он низ дар амри рушди соҳаи соҳибкорӣ муфид хоҳад буд. Зимнан, ин саввумин мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон бо доираи тоҷирон ва соҳибкорони кишвар аст. Ду мулоқоти аввали президент Раҳмон дар солҳои 2001 ва 2003 сурат гирифта буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG