Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бурҷанадзе: "Аз сарнагунии давлат ҷилавгирӣ шуд"


Нино Бурҷанадзе - кафили раёсати ҷумҳурии Гурҷистон мегуяд, низоми қонунии кишвараш дар баробари хатари ҷиддӣ қарор дорад. Вай баъд аз ҷаласаи Шурои амнияти миллии кишвараш, ба мардум ва нируҳои сиёсии Гурҷистон паёми вижа фиристод. Бо ишора ба таҳдидҳои мавҷуда бар зидди давлати қонунии Гурҷистон хонум Бурҷанадзе гуфт, ки акнун ин таҳдидҳо аз касе пинҳон намондааст:

"Маводе, ки мо дар даст дорем, асоси ҷиддӣ барои мост, то бигуем, ки бар зидди давлати Гурҷистон таҳдиди ҷиддӣ вуҷуд дорад. Ин таҳдид вуҷуд дошт ва ҳануз ҳам ҳаст. Аммо ман ба таври ҷиддӣ изҳор медорам, ки ҳукумати Гурҷистон иҷоза нахоҳад дод, ки касе, бидуни дарназардошти шахсияташ, мардуми гурҷиро, аҳолии Гурҷистонро аз ҳақи интихоби озод маҳрум кунад".

Қабл аз ин изҳороти Нино Бурҷанадзе, Ника Гварамия - муовини додситони кулли Гурҷистон эълон кард, ки аз суиқасде барои сарнагун сохтани давлати қонунии Гурҷистон ҷилавгирӣ шудааст. Ба гуфтаи вай, дар ин суиқасд Валерий Гелбахианӣ - намояндаи порлумони Гурҷистон ва раҳбари ситоди интихоботии Бадрӣ Патаркацишвилӣ - номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ даст дорад. Бадри Патаркацишвилӣ ва раиси ситоди интихоботиаш Валерий Гелбахианӣ ин гуфтаҳоро рад мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки Додситонии кулл навори видеоии баъзе аз мулоқотҳоро пахш кардааст, ки гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот Валерий Гелбахианӣ аз тарафҳои ҳамсуҳбати худ хостааст, 6-уми январ, яъне, баъд аз як рузи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Гурҷистон беназмиҳо созмон дода шавад. Вай дар навор ҳамчунин аз Эрекле Кодуа - раиси идораи амалиёти фаврӣ ва вижаи вазорати дохила дархост кардааст, ки барои оғози кудето ё табаддулот Вано Меробишвилӣ - вазири дохила ё вазири худро боздошт ва зиндонӣ кунад. Гелбахианӣ дар ивази ин корҳо ба оқои Кодуа замонатҳои молӣ ва сиёсӣ ваъда додааст. Гелбахианӣ аз ҷумла гуфтааст, ки онҳо пули зиёде масраф хоҳанд кард, то дар Тифлис ва шаҳрҳои дигари Гурҷистон мардум ба хиёбонҳо резанд ва бесарусомонии ҷиддӣ ба вуҷуд ояд. Дар он сурат онҳо ҳукуматро ба даст хоҳанд гирифт.

Аммо Нино Бурҷанадзе - кафили мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар изҳороти худ гуфтааст, ки мардум бояд худашон озодона тасмим бигиранд ва раҳбари кишварашонро интихоб кунанд. Касе наметавонад бо пулу мол ва бар хилофи манофеъи давлати Гурҷистон ба ҳадафҳои худ бирасад. Бурҷанадзе аз ҷумла чунин изҳор дошт:

"Ман ба касе машварат намедиҳам, ки даст ба иқдоми ғайримуҷоз бизанад. Касе, ки талош мекунад, амнияту оромии Гурҷистонро, амнияту оромии шаҳрвандони онро ба ҳам занад, тибқи қонунҳои мавҷуда ҷавоб хоҳад дод".

Хонум Бурҷанадзе афзуд, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Гурҷистон дар фазои озоду демократӣ баргузор хоҳад шуд ва мақомоти кишвараш шароите муҳаё месозанд, ки ҳар шаҳрванд битавонад дар интихобот иродаи худро бо раъйи худ баён кунад.

Бадри Патаркацишвилӣ - номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар Лондон ба сар мебарад. Вале раиси ситоди интихоботии вай Валерий Гелбахианӣ дар Гурҷистон сукунат дорад ва то ҳол Додситонии кулл нагуфтааст, ки мақомоти давлатӣ нисбат ба онҳо чӣ тасмим хоҳанд гирифт.

XS
SM
MD
LG