Пайвандҳои дастрасӣ

Конфедеросиюни футболи Осиё табақабандии тимҳои миллиро дар марҳилаи интихобии ChallengeCup ё Ҷоми даъвати AFC-2008 эълом кард.

Дар ҳоле ки табақабандии дастаҳо бар асоси натоиҷи ба даст овардаи онҳо дар бозиҳои Ҷоми даъвати AFC-2006 таъйин шудааст, гуфта мешавад, ки таърихи қуръакашӣ баъдтар эълом хоҳад шуд.
Табақабандии тимҳо ба сурати зайл аст.
1. Кореяи Шимолӣ. 2. Туркманистон. 3. Ҳиндустон. 4. Мянмар. 5. Тоҷикистон. 6. Шри-Ланка. 7. Непал. 8. Қирғизистон. 9. Фаластин. 10. Тайван. 11. Бангладеш. 12. Бруней. 13. Покистон. 14. Камбоҷа. 15. Филиппин. 16. Афғонистон. 17. Бутан. 18. Макао. 19. Гуам. 20. Лаос.
Бозиҳои интихобӣ дар як марҳала бо ширкати 20 даста баргузор хоҳад шуд.
Чаҳор тими миллӣ – Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Мянмар ва Ҳиндустон (ки эҳтимол дорад мизбони бозиҳо шавад) – ба сурати автоматӣ ба марҳалаи ниҳоӣ хоҳанд расид. Бақия 16 тим (байни 5 то 20) ба чаҳор гурӯҳ чаҳортимӣ тақсим мешаванд. Ғолиби ҳар як гурӯҳ ба сабқати ниҳоӣ роҳхат мегиранд ва дар маҷмӯъ 8 даста барои дарёфти Ҷом талош хоҳанд кард.
Қаҳрамонони Ҷоми даъвати AFC дар солҳои 2008 ва 2010 дар бозиҳои марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 дар Қатар ҳузур хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG