Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмаки навбатии Ҷопон ба Тоҷикистон


Ба иттилоъи сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, ҳукумати ин кишвар барои рушди соҳаи кишварзии Тоҷикистон беш аз як миллион доллар кӯмаки бебозгашт кардааст. Гуфта мешавад, ин кӯмакпулӣ барои пиёдасозии якчанд тарҳ дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла азхудкунии заминҳои нав, сохтмони каналҳои об, барқарорсозии роҳҳои деҳот дар манотиқи кишвоварзӣ ва ғайра, масраф хоҳад гашт. Барои ҳар як тарҳ беш аз 80 ҳазор долларӣ ихтисос дода мешавад.

Ҳукумати Ҷопон тайи солҳои ахир ба Тоҷикистон як қатор кумакҳои бебозгашт кардааст. Ин кишвар аз соли 1996 инҷониб барои амалисозии тарҳҳои хурди иҷтимоӣ дар Тоҷикистон беш аз 12,5 миллион доллар кумак намудааст.

XS
SM
MD
LG