Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия имсол ба таври бесобиқа силоҳ фурӯхтааст


Сергей Иванов, муовини аввали сарвазири Русия эълом дошт, ки имсол кишвараш ба дигар мамолик ба маблағи беш аз 7 милиард доллар силоҳ ва техникаи низомӣ фурӯхтааст. Гуфта мешавад, ки бори нахуст Маскав ба фурӯши теъдоди бузурги силоҳу таҷҳизоти низомӣ муваффақ шудааст. Имсол Ҳиндустон, Алҷазоир, Венесуэла ва Малайзия аз Русия 70 ҳавопаймои низомии “Су” ва “МиГ” ва чархболи “Ми”-ро харидорӣ карданд ва аз ин тиҷорат ба хазинаи кишвар тақрибан 3 миллиард доллар ворид гардид.

Афзоиши содироти силоҳу таҷҳизоти низомӣ, ба навиштаи хабаргузориҳои Русия, натиҷаи созишҳои ҳосилшуда дар се соли ахир аст. Баъд аз шурӯъи амалиёти низомии ИМА дар Ироқ ва Афғонистон бархе аз кишварҳои исломӣ ба миқдори бузург силоҳ ва техникаи низомии Русияро харидорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG