Пайвандҳои дастрасӣ

Сардтарин соли муносибот миёни Русия ва Ғарб


Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш

Дар соли 2007 муносиботи Русияву Ғарб нисбат ба солҳои пеш ба сардӣ гароид, агарчи таҳлилгарон даҳ соли гузаштаро солҳои беҳбуди муносиботи Ғарбу Русия арзёбӣ кардаанд.

Вале соли 2007 дар муносиботи онҳо сардӣ ба вуҷуд омад. Бо назардошти ин таҳлигарон суолеро матраҳ карданд, ки оё қарни 21 давраи бозгашт ба ҷанги сард хоҳад буд? Соли 2007 соле буд, ки Влодимир Путин, раисҷумҳури Русия, Амрикоро бо Рейхи Севвум қиёс кард, соле буд, ки Маскав ба кишварҳои узви НАТО ҳамлаи интернетӣ анҷом дод ва таҳдид кард, ки Русия мушакҳои худро ба суи Аврупо хоҳад гардонд. Соли 2007 соле буд, ки Русия аз паймони ҳамкориҳои стротегии миёни Русияву Ғарб хориҷ шуд.

Эдвард Лукас, муъовини мудири бахши байналмиллалии маҷаллаи "Экономист", чопи Бритонё, бар ин назар аст, ки мумкин аст муносиботи Ғарб ва Русия дар оянда сардтар шавад. Вай гуфт, аз замони фурупошии Шуравии собиқ соли 2007 бадтарин сол дар муносиботи Русия ва Ғарб буд. На танҳо ин муносибот ба поинтарин нуқтаи худ расид, балки доманаи он хатарзо буд. Эдвард Лукас аз муддатҳост муносиботи Русияву Ғарбро мушоҳида мекунад. Дар ояндаи наздик китоби вай бо номи "Ҷанги сарди навин ё чӣ тавр Кремл ба Русия ва Ғарб таҳдид мекунад" ба табъ хоҳад расид.

Вай афзуд, муноқишаи миёни Русияву Ғарб аслан дар солҳои инқилобҳои ранга дар Гурҷистону Укроин шурӯъ шуд. Онҳо ҷумҳуриҳои Шуравии собиқ ва зери нуфузи Русия буданд. Баъзе таҳлилгарони дигар ҳангоми суҳбат роҷеъ ба муносиботи Русияву Ғарб аз истифодаи истилоҳи "Ҷанги Сард" худдорӣ мекунанд. Масалан, Стивен Пифер, коршиноси собиқи вазорати хориҷаи Амрико, ки ҳоло дар Вошингтон мушовири аршади Маркази мутолеъоти стротегӣ ва байналмиллалист, мегуяд, ман ҳануз дар мавриди истифода аз истилоҳи "Ҷанги сард" дудила ҳастам, зеро "Ҷанги сард" як навъ мусобиқаеро ба ёд меорад, ки дорои мафҳумҳои низомиву амниятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ақидатист. Ман фикр намекунам, ки мо ба он нуқта расида бошем. Ба назари ман, ҳануз масъалаҳое вуҷуд дорад, ки мо мехоҳем бо якдигар ҳамкорӣ кунем.

Фёдор Лукянов, сардабири маҷаллаи "Россия в глобальной политике" ё "Руссия дар сиёсати ҷаҳонӣ", бар ин назар аст, ки чунин навъи муносиботи миёни Русияву Ғарб аз шеваҳои клоссикии абарқудратҳост, ки дар қарнҳои пеш низ мушоҳида мешуд. Вай афзуд, ин бештар ба сиёсати абарқудратҳо шабоҳат дорад, ки қабл аз Ҷанги сард низ вуҷуд дошт, ба вижа дар қарни 19. Яъне замоне, ки қудратҳои бузург манофеъи худро доранд ва рӯёрӯӣ ё мусодиф омадани манофеъи онҳо фаъолияти сиёсати ҷаҳониро таъмин мекунад.

Пас мояву заминаи ин моҷаро чист? Аз як сӯ замина ин аст, ки Русия бо захоири ғании энержии худ қавитар шуд ва мехоҳад мушти худро нишон диҳад. Аз тарафи дигар, Кремл ва бисёре аз русҳо фикр мекунанд, ки Маскав дар охири солҳои навадум бо пойбандии худ ба қарзҳои Ғарб таҳқир дид. Вале асли матлаб ин аст, ки раҳбарияти кунунии Кремл дигар ҳавохоҳи мавозини демкратияи ғарбӣ, ҳуқуқи башар ва мавозини байнулмиллалӣ нест. Фёдор Лукянов мегуяд, Русия мехоҳад нишон диҳад, ки ба ҳамгироӣ бо Ғарб ниёз надорад ва муҳим ин аст, ки дар Ғарб низ хостори ҳамгироӣ нестанд. Ба ин сабаб Русия мекӯшад, ки мавзеъгирии мустақили худро таҳким бахшад.

Чунин мавзеъгирӣ чанд соли пеш ошкор шуд. Маскав ба хашм омада буд, ки Ғарб дар инқилоби лолаии соли 2003-и Гурҷистон ва инқилоби норинҷии соли 2004-и Укроин мудохила кардааст. Бисёре аз нухбагони Русия ҳарос доранд, ки мумкин аст чунин инқилобҳо дар кишвари онҳо низ анҷом бигирад. Укроин, ки мехост бо Ғарб ҳамкориҳои худро тавсеъа диҳад, Русия бо маҳдуд кардани интиқоли нафту гоз ба он фишор овард. Мисолҳои дигари сардии муносиботи Ғарбу Русия куштори рузноманигор Анна Политковская ва куштори афсари собиқи хадамоти амниятии Русия Александр Литвиненко дар Лондон буд. Ба гуфтаи оқои Лукянов, ин ду куштор нуқтаи чархиш маҳсуб мешуд.

Моҳи феврали соли 2007 ҳангоме, ки Путин дар конфронси амниятии Мунихи Олмон суҳбат мекард, изҳор дошт, ки Амрико иродаи худро ба кишварҳои дигар таҳмил мекунад, то як ҷаҳони ғайримаъмулӣ бисозад. Маскав ва Вошингтон ҳамчунин дар бораи истиқрори сипари зиддимушакӣ дар Лаҳистон ва ҷумҳурии Чех назари яксон надоранд. Ҳафтаҳои пеш Дмитрий Медведев номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Русия муъаррифӣ шуд ва Влодимир Путин ризоят дод, ки агар Медведев раисҷумҳур интихоб шавад, вай мақоми нахуствазиро бар уҳда мегирад. Медведев изҳор дошт, ки сиёсати Путинро дар арсаи байналмиллалӣ идома медиҳад. Дар Ғарб ба чунин задубандҳо дар раҳбарияти Руссия ба таври ҷиддӣ вокуниш нишон надоданд ва онро нодида мегиранд.

XS
SM
MD
LG