Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Байҷӣ 20 кушта бар ҷой гузошт


Ба иттилоъи мақомоти амниятии Ироқ, имрӯз як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори постгоҳи амниятии ширкати нафтии шаҳри Байҷӣ, воқеъ дар шимоли Ироқ инфиҷор кард, Дар ин ҳодиса дасти кам 20 кас кушта ва 80 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Аксари қурбониёни ҳодиса сокинони осоиштаанд ва миёни онҳо занону кудакон низ зиёданд. Мақомоти Ироқ мегӯянд, ки бар асари инфиҷор ду бино фурӯ рехтааст, аз ин рӯ теъдоди кушташудагону маҷрӯҳон шояд афзоиш биёбад.

Инфиҷор дар шаҳри Байҷӣ пурқурбонитарин ҳамлаи террористии рӯзҳои ахир баъд аз таркиши чанд мошин дар шаҳри Омара, воқеъ дар ҷануби кишвар маҳсуб мешавад. Дар он ҳодиса 40 кас кушта шуда ва 125 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

XS
SM
MD
LG