Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон сарвазири навро таъйин кард


Игор Чудинов, сарвазири нави Қирғизистон
Игор Чудинов, сарвазири нави Қирғизистон

Раёсати ҷумҳури Қирғизистон Игор Чудинов, вазири энержӣ ва саноъати ин кишварро нахуствазир таъйин кард.

Номзадии Чудиновро ба ин мақом Ҳизби «Оқ Жол» пешбарӣ кард. Ин ҳизб, ки аз Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳур ҷонибдорӣ мекунад, дар интихоботи порлумонии 16 декабр аз 90 курсии порлумон 71 курсиро ишғол кард. Игор Чудинов дар аввалин изҳороти худ дар мақоми нахуствазирӣ изҳор дошт, ки Қирғизистон дар зимистони ҷорӣ бо миқдори зарурии гоз таъмин хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки музокироти Қирғизистон бо Узбакистон мисли Тоҷикистон дар бораи харидории гози Узбакистон ва нархи он ба поён нарасидааст.

Нахуствазир Игор Чудинов миллаташ рус аст ва дар соли 1961 дар Бишкек ба дунё омадааст. Дар донишгоҳи Бишкек дар фокултаи риёзӣ таҳсил кардааст. Вай то соли 1987 дар корхонаи муҳосиботи электронӣ ба унвони муҳандис ва сипас ба унвони раиси кумитаи комсомоли ҳамин корхона ифои вазифа намудааст. Баъдтар дар корҳои комсомол то ба мақоми муовини дуввуми Дабири кумитаи марказии комсомоли Қирғизистон расидааст. Аз соли 1994 то соли 2005 бо тиҷорат ва соҳибкорӣ машғул будааст. Ду соли пеш раиси "Қирғизгоз" таъйин шуд. Аз моҳи феврали соли ҷорӣ то ҳол вазири энержӣ ва саноъат буд.

Рузи душанбе дар нахустин иҷлоси поруламони Қирғизистон Адохон Мадумаров раиси порламон интихоб шуд. Мадумаров низ узви ҳизби ҳокими "Оқ Жол" аст ва дар гузашта дар мақоми Дабири Шурои Амнияти Қирғизистон кор кардааст. Чолпон Баекова, Азиз Турсунбоев ва Кубаничбек Исобеков ҷонишинони раиси порлумон интихоб шуданд. Президент Боқиев зимни суханони худ дар нахустин иҷлоси порламони нав гуфт, ин порламон ба ҳамаи мушкилоти Қирғизистон, ки аз замони инқилоби лолаии моҳи марти соли 2005 кишвараш бо он ру ба ру буд, бояд хотима гузорад. Оқои Боқиев гуфт, ҳукумати ҷадид бояд дар соли 2008 бештар ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳ кунад.

Ҳизби Сотсиал-Демократ танҳо ҳизби мухолиф аст, ки чанд намояндааш ба порулмон роҳ ёфтаанд. Бекит Бешимов, намояндаи порлумон аз ин ҳизб, дар бораи мавзеъгирии ҳизби "Оқ Жол" дар порламони ҷадид гуфт, ҳизби "Оқ Жол" ҳамаи имконотро дар ихтиёри худ гирифтааст. Вале мо хоҳем дид, ки онҳо чӣ тарз вазоифи мавҷударо ҳал мекунанд. Баъд аз се ё чаҳор моҳ онҳо эҳсос хоҳанд кард ва хоҳанд фаҳмид, ки бидуни Ҳизби Сотсиал-Демократ баъзе масъалаҳо ҳал намешавад. Танҳо он вақт шеваи дигари сиёсӣ имконпазир хоҳад буд.

Таъйини нахуствазир ва интихоби раиси порлумони Қирғизистон замоне анҷом мегирад, ки рӯзи якшанбеи гузашта додгоҳе дар шаҳри Бишкек шикояти Отамакон - ҳизби мухолифи давлатро рад кард. Ин ҳизб дар бораи лағви натиҷаҳои интихоботи порлумонии 16 декабр як ба додгоҳ шикоят бурд ва ҳамчунон мегуяд, дар натиҷаҳои интихобот ба тақаллуб роҳ додаанд. Раҳбарони ин ҳизб рӯзи душанбе ба бахши қирғизии радиои Озодӣ дар Бишкек гуфтанд, ки бо тасмими додгоҳ розӣ нестанд ва ба марҷаъҳои болотари додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

XS
SM
MD
LG