Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон


Субҳи имрӯз, 25-уми декабр, дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе мулоқоти Э. Раҳмон бо соҳибкорони кишвар шурӯъ шуд.
Бино бар хабари маркази иттилоъотии сарвари ҳукумати Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони бахши соҳибкории кишвар масоили рушди тиҷорати хурду мутавасситро баррасӣ хоҳад кард.
Дар мулоқот бо президент 1300 нафар соҳибкор аз тамоми манотиқи кишвар, ки дар бахшҳои саноъат, кишоварзӣ, хидмат ва тиҷорат кор мекунанд, ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG