Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори дуввуми намояндагони Исроил ва Фаластиниён


Музокиракунандагони фаластиниву исроилӣ маротибаи дуввум дар шаҳри Байтулмуқаддас мулоқот карданд. Аммо бар асоси гузоришҳо, мулоқоти онҳо бинобар барномаи нави Исроил барои бунёди ҳафтсад хонаи нав дар наздикии шаҳри Байтулмуқаддас бесамар анҷом ёфтааст. Ин иқдоми Исроилро шарики аслии ин кишвар Амрико ва ҳамчунин Иттиҳодияи Аврупо интиқод карданд. Рӯзи душанбе музокиракунандаи аршади Фаластиниён Аҳмад Қуреа ба вазири умури хориҷаи Исроил Тзипӣ Ливнӣ гуфтааст, ки Исроил ду роҳе барои интихоб дорад, яке роҳи сулҳу музокирот ва дуввуми роҳи шаҳраксозӣ дар назди Байтулмуқаддас.
XS
SM
MD
LG