Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона 16 % саҳмияҳои Қашағонро талаб дорад


Сухангӯи вазорати энержии Қазоқистон Сават Мунбоев мегӯяд, ширкати давлатии "Казмунайгаз" дар пайи афзудани саҳмияҳои худ дар тарҳи истихроҷи майдони нафти Қашағон аст. Ширкати "Казмунайгаз" феълан тақрибан ҳаштуним дар сади саҳмияҳои тарҳи Қашағонро дар даст дорад, ки онро ширкати итолиёвии Энӣ ҳамроҳ бо чанд ширкати дигар амалӣ мекунанд. Ба гуфтаи Сават Мунбоев, музокирот барои то 16 дар сад афзоиш додани саҳмияҳои ширкати Казмунайгаз дар тарҳи мазкур идома дорад. Майдони нафтии Қашағон яке аз бузургтарин майдони нафт дар ҷаҳон аст, ки тайи 40 соли ахир кашф шудааст.
XS
SM
MD
LG