Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркишҳои маргбори нав дар Қандаҳор


Пулиси Афғонистон гуфт, ду бомб, ки якеаш зери ҷасаде пинҳон карда шуда буд, дар наздикии шаҳри Қандаҳор таркида ва чаҳор нафарро куштааст. Ин ҳодиса рӯзи якшанбе дар ин маҳал ба вуқӯъ пайвастааст ва мақомот ҷангҷӯёни Толибро омили ин ҳамла номиданд. Дар ҳамин рӯз ва дар вилояти Кунар бар асари инфиҷори дигар дар назди мошини пулиси маҳаллӣ як афсари афғон ҷон додааст. Ва дигар ин ки маъмурони амниятии Афғонистон гуфтанд, як занеро дар шаҳри Ҷалолобод боздошт карданд, ки зери бурқаъи худ камарбанди тарканда дошт. Замони боздошти ин занро эълом накардаанд.
XS
SM
MD
LG