Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон 14 нерӯгоҳи барқи атомӣ месозад


Козими Ҷалолӣ - сухангӯи Кумиссиёни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии порлумони Эрон гуфт, ин кишвар ба зудӣ дар мавриди бунёди 19 нерӯгоҳи барқи атомӣ озмуни байналмилалӣ эълом хоҳад кард. Рӯзномаи Iran News аз қавли Козими Ҷалолӣ навиштааст, ки ин қудрати тавлидотии ин нерӯгоҳҳо 1000 мегават қувваи барқ хоҳад буд. Барномаҳои атомии Эрон як мояи баҳс бо Ғарб шудааст, чун кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад, пинҳон аз чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад. Эрон мегӯяд, ки барномаҳои атомиаш танҳо ба хотири тавлиди нерӯи барқ ва дигар ҳадафҳои сулҳомез аст.
XS
SM
MD
LG