Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ба "Exхon" муҳлати ниҳоӣ дод


Қазоқистон ширкати Эксонро барои ба дарозо кашидани музокирот роҷеъ ба сарнавишти чоҳи нафти Қашаған муттаҳам кардааст. Барои чунин таъхир Қазоқистон мехоҳад, аз ин тарҳ саҳмияи бузургеро аз они худ кунад. Ҳафтаи гузашта ширкати Эксон гуфт, қатъи саҳмияи худ дар ин тарҳро баррасӣ мекунад. Имруз вазири энержии Қазоқистон барои хатми музокирот муҳлати охирин таъин кард ва гуфт, ҳукумати ин кишвар ва ширкатҳои байналмиллалии зидахл дар ин тарҳ бояд то 15-уми январи соли оянда музокиротро роҷеъ ба ин тарҳ ба поён баранд.
XS
SM
MD
LG