Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тағйирот дар ҳукумат ва порлумони Қирғизистон


Имруз Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури Қирғизистон Игор Чудинов-вазири энержӣ ва саноати кишвари худро нахуствазири Қирғизистон таъйин кард. Ҳукумати ин кишвар моҳи октябр ҳангоме, ки раиси ҷумҳур интихоботи нави порлумонӣ эълон кард, ба истефо рафта буд. Ҳизби "Ақ Жол", ки аз Қурмонбек Боқиев ҷонибдорӣ мекунад, дар ин интихобот аз 90 курсии порлмон 71 курсиро ишғол кард. Имруз дар иҷлоси порламон ҳамчунин Адохон Мадумаров-собиқ Дабири шурои амният раиси порлумон интихоб шуд.
XS
SM
MD
LG