Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки навбатии Ҷопон ба кишоварзони тоҷик


Ҳукумати Ҷопон ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳои рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон беш аз як миллион доллари амрикоӣ тахсис додааст. Сафорати ин кишвар дар Душанбе хабар додааст, ки ин кӯмак ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот ироа мешавад. Самариддин Баҳриддинов, як масъули сафорати Ҷопон ба Радиои Озодӣ гуфт, тарҳҳои дастгиришуда роҷеъ ба обёрӣ, киштукор дар заминҳои нав, таъмин бо оби нўшокӣ, роҳсозӣ, тармими мактабҳо ва харидории таҷҳизоти тиббӣ мебошанд. Бино бар ҳарфи ҷаноби Баҳридинов, заминҳое, ки ба воситаи ин кўмак обёрӣ мешаванд, қариб 1300 гектарро ташкил медодаанд.

Самариддин Баҳриддинов гуфт, бунёди иншооти нави обтаъминкунӣ мушкилоти занон ва кўдаконро, ки вақти зиёди хешро барои овардани об аз масофаи дур сарф менамоянд, осон мегардонад ва барқарорсозии роҳи байнидеҳавӣ мардумро аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳо медиҳад.

Ҳамчунин, дар доираи ин тарҳҳо, як маркази кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷилликул таъсис мешавад. Сафорати Ҷопон мегӯяд, ин марказ дар баланд бардоштани донишу малакаи кишоварзии хоҷагидорон саҳм гузошта, мардуми деҳотро ба роҳи дурусти истифодаи самараноки замин ҳидоят хоҳад намуд.

Ба қавли Самариддин Баҳриддинов, масъули сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, дастгирӣ ва рушди инфраструктураи деҳот дар манотиқи кўҳистони Тоҷикистон хеле муҳим аст, зеро аксарияти мардум дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва зиндагии онҳо дар сатҳи паст қарор дорад. Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди он ки мардуми деҳот бо истифодаи белу каланд ва дигар олоти дастрас корҳои кишоварзиро пеш мебаранд, аммо барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии хеш аз заминҳои бехавфи корам дар манотиқи кўҳистон, иншооти обрасонӣ, роҳи пайвасткунанда бо марказ ва пойгоҳҳои обкашии солим бенасиб мондаанд.

Ҷаноби Баҳриддинов ҳамчунин хабар дод, барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва таълиму тарбия дар Тоҷикистон, ҳукумати Ҷопон ҳамчунин барои барқарорсозии чаҳор мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар ноҳияҳои Айнӣ, Панҷ, Тавилдара ва Ҷилликул ва харидории таҷҳизоти тиббӣ ба Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иқдом намуд.

Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҶониб дар чаҳорчўбаи кўмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои иҷтимоии ҳаҷман хурд 201 лоиҳаи кўмакҳои башариро, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилали муқими Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, дастгирӣ кардааст. Маблағи умумии кўмакҳои мазкур беш аз 12, 5 миллион доллар будааст.

XS
SM
MD
LG