Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зане бо камарбанди мунфаҷира боздошт шуд


Пулиси Афғонистон гуфт, ду бам дар наздикиҳои шаҳри Қандаҳор мунфаҷир шудааст. Яке аз ин бамҳо зери ҷасади мурда пинҳон будааст. Дар натиҷа чаҳор нафар кушта шудаанд. Ин ҳодиса рузи якшанбе рух додааст ва пулис барои он Толибонро муттаҳам кардааст. Дар як руйдоди дигар нируҳои кашфи Афғонистон гуфтаанд, онҳо занеро боздошт кардаанд, ки бо худ камарбанди мунфаҷира доштааст ва зери русарӣ пинҳон будааст. Кормандони кашф гуфтаанд, онҳо ин занро дар шаҳраки Ҷалолобод боздошт кардаанд, вале аз додани маълумот дар бораи ҳуввияти зан ва замони боздошти вай худдорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG