Пайвандҳои дастрасӣ

Арзёбии САҲА аз интихоботи Узбакистон


Интизор меравад, ки имруз Кумиссюни Марказии Интихоботии Узбакистон натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро мунташир созад. Ба эҳтимоли зиёд Ислом Каримов барои ҳафт соли дигар раиси ҷумҳур интихоб мешавад. Ҳайати нозирони Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар эъломияи худ дар бораи интихоботи Узбакистон чунин навиштааст:
" Интихоботи 23-юми декабри соли 2007-и раёсати ҷумҳурии Узбакистон дар муҳити контроли шадиди сиёсӣ баргузор шуд ва дар он ҷое барои мухолифони воқеъӣ боқӣ намонда буд. Дар маҷмуъ, интихобот ба бисёре аз уҳдадориҳои ин кишвар дар баробари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо роҷеъ ба интихоботи демократӣ мутобиқат намекард".
XS
SM
MD
LG