Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумаки билоивази Ҷопон ба Тоҷикистон


Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки як милёну 1147 ҳазор доллар кумаки билоиваз дар ихтиёри давлати Тоҷикистон бигзорад. Ин миқдор кумак аслан барои иҷрои тарҳҳои кишварзӣ, омузишу парвариш ва беҳдошт дар деҳоти Тоҷикистон ба масраф хоҳад расид. Сафоратхонаи Ҷопон дар Душанбе 25-уми декабр дар ин бора бо ҷониби Тоҷикистон қарордод имзо мекунад. Панҷ тарҳ ба обёрӣ ва гушоиши заминҳои нави кишт, 2 тарҳ ба таъмини оби ошомиданӣ, як тарҳ ба таъмири роҳ, 4 тарҳ ба таъмири мактабҳои деҳот, як тарҳ ба бунёди маркази кишоварзӣ ва як тарҳ ба таъмини таҷҳизоти беҳдоштӣ ихтисос дорад.
XS
SM
MD
LG