Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи Узбакистон анҷом ёфт ва бо эҳтимоли зиёд гуфта мешавад, бо пирӯзии Ислом Каримов анҷом ёфт.

Кумиссиюни марказии интихобот эълом кард, ки аз 16 миллион соҳибони ҳаққи раъй беш аз 90 дарсадашон ба пояи ҳавзаҳои раъйдиҳӣ омадаанд. Коршиносон мегӯянд, Ислом Каримов, ки аз солҳои Шӯравӣ ба ин ҷониб раҳбарии Узбакистонро ба даст дорад, ба осонӣ дар баробари «рақибон»-аш пирӯз эълом хоҳад шуд.

Телевизиони давлатии Узбакистон Ислом Каримовро ҳангоми баромаданаш аз қитъаи раъйдиҳӣ намоиш дод. Президент Каримов гуфт, «Ман бовар дорам, ки мардум медонад, барои чӣ раъй медиҳад. Онҳо хуб медонанд, ки барои фардо раъй медиҳанд, барои сулҳ дар кишвари мо раъй медиҳанд, барои рушд ва зиндагии хушбахтона раъй медиҳанд.»

Дар сӯҳбат дар назди камера аксарияти раъйдиҳандагон раисҷумҳури кунуниро барои интихоб шуданаш ба даври навбатӣ пуштибонӣ мекардаанд. Роза Тоҷиева, сокини вилояти ғарбии Хоразм ба бахши ӯзбакии радиои Озодӣ гуфт:

“Тамоми оилаамон ба Ислом Каримов овоз дод. Раисҷумҳури мо худашро ба мардумамон бахшидааст. Дар кишварамон сулҳ ҳукмфармост, мо ҳама чиз дорем, зиндагии мардум хуб, ташаккур ба Каримов. Ба ҳамин хотир мо ба Каримов овоз додем”.

Суннатулло, сокини дигари Тошканд низ гуфт, ки аз Каримов ҷонибдорӣ кардааст, чунки вай “масҷид бунёд мекунад ва ҳамаи корхонаҳои Узбакистон фаъоланд”.

Cе номзади дигар, ки аз ҷониби Кумиссиюни интихобот сабти ном шуда будаанд, дар маъракаҳои интихоботии худ ба Каримов мадҳу сано мехонданд.

Қонуни асосии Узбакистон барои як нафар танҳо ду даври раисҷумҳуриро иҷоза медиҳад. Даври дувуми раёсатҷумҳурии Каримов дар авоили соли 2007 ба поён расид, ва дар бораи он ки чаро мақомот пешбарии ӯро пазируфтаанд, ягон тафсилоте дода нашуд. Ислом Каримов барои қонунан ҳаққи пешбарии номзадиро пайдо кардан ҳатто Қонуни асосиро низ дигар накардааст.

Каримов ду бор солҳои 1995 ва 2002 муддати раёсатҷумҳуриашро тамдид карда буд. Дар пешоруи интихобот сарвари Ӯзбакистон ба дипломатҳои хориҷӣ эълом дошт, ки мехоҳад кишвараш ҷомеъаи озод ва аҳолии 27 миллионаи он зиндагии шоиста дошта бошад.

Ин дар ҳолест, ки созмони ҳомии ҳуқуқи инсон Ҳюман Райтс Вотч 21 декабр гуфт, интихоботи Ӯзбакистон озоду мунсифона намебошад. Ин созмони мустақар дар Ню Йорк гуфт, ки Ӯзбакистон фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва матбуъоти озодро маҳдуд мекунад ва ин имкон намедиҳад, интихобот шаффоф бигзарад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар дохили Ӯзбакистон ба Радиои Озодӣ дар бораи қонуншиканиҳо дар нуқтаҳои овоздиҳӣ иттилоъ додаанд. Ҳомии ҳуқуқи инсон аз шаҳри Фарғона Абдусалом Эргашев чунин нақл кард:

“Ман ба маркази раъйдиҳӣ воқеъ дар бинои мактаби рақами 10 Фарғона рафтам ва шоҳиди он шудам, ки чи тавр чандин нафар барои тамоми оилаашон овоз додаанд. Илова бар ин, дар назди ҳамаи қуттиҳои раъйдиҳӣ мардон ё занҳо нишаста будаанд, ки ба овоздиҳандагон машварат медодаанд, дар куҷо аломат гузоранд, яъне, ба Каримов овоз диҳанд.”

Сомонаҳои интернетии мухолифин ба монанди УзНюсНет ва УзМетрономКом дар бораи қонуншиканиҳои ҳамсон иттилоъ додаанд. Ба расонаҳои ғарбӣ иҷоза дода нашуд, ки барои инъикоси рафти интихобот ба Ӯзбакистон ворид шаванд. Виктория Новикова, раиси департаменти байналмилалии шабакаи аввали Русия гуфт, ки ба шабакаи вай низ иҷозаи сафар ба Ӯзбакистон дода нашуд.

Созмони амният ва ҳамкори Аврупо барои назорат аз интихобот гуруҳи хеле кучак дошт. Моли Стефансон, масъули матбуотии сафорати ИМА дар Тошканд иттилоъ дод, ки кормандони сафорат ба рафти интихобот назорат мекардаанд. Нозирони интихобот аз кишварҳои Ғарб ҳеҷ вақт интихоботи порлумонӣ ва ё раёсатҷумҳурии Ӯзбакистонро озод, одилона ва ҷавобгуии талаботи байналмилаӣ арзёбӣ накардаанд.
XS
SM
MD
LG