Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи тозаи артиши Туркия ба Ироқ


Як мақоми Вилояти Курдистони Ироқ гуфт, ҳавопаймоҳои Туркия ду рӯз боз аст, ки шимоли Ироқро бомбборон мекунанд. Сухангӯи нерӯҳои амниятии Курдистони Ироқ Ҷаббор Ёвар гуфт, рӯзи якшанбе 23 декабр бомбборони манотиқи кӯҳистонии шимоли Ироқ аз тарафи нерӯҳои Туркия се соат идома ёфта харобӣ ба бор овард, вале касе дар ин ҳамлаҳо касе кушта нашудааст. Аммо мақомоти Туркия ҳанӯз дар ин робита ибрози назар накардаанд. Артиши Туркия қавл додааст, ки амалиётҳои низомӣ алайҳи ҷудоихоҳони Ҳизби Коргарони Курдистони Туркияро ҳам дар қаламрави ин кишвар ва ҳам дар Ироқ идома хоҳад дод ва ҷудоихоҳони курдро ором нахоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG