Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳуд Олмерт созиш бо Ҳамосро рад кард


Нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт имкони созиши оташбас бо созмони Ҳамосро рад кард ва муборизаи кишвараш бо он созмони тундрави исломиро “ҷанги воқеъӣ” номид. Артиши Исроил бо созмони Ҳамос ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки ба зуд зуд ба ҷануби Исроил мушак меандозанд, дар ҳоли набард аст. Эҳуд Олмерт ба ҳукумати ин кишвар гуфт, ки “амалиёт ба зидди террористон онгуна, ки тайи моҳҳои зиёд сурат мегирифт, идома хоҳад кард.” Вай афзуд, “иттифоқоти феълии Навори Ғаззаро ба ғайр аз ҷанги воқеъӣ бо гурӯҳи терористӣ” дигар чизе номида намешавад. Созмони Ҳамос дар чанд рӯзи гузашта ишора кардааст, ки омодаи созиши оташбас бо Исроил аст.

XS
SM
MD
LG