Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти Кумисюни марказии интихоботии Узбакистон


Кумисюни марказии интихоботии Узбакистон эълон кард, ки то соати чаҳори шоми вақти Тошканд наздик ба 80%-и интихобкунандагон ё наздик ба 13 миллион нафар аз 16 миллион нафари сабтиномашуда дар овоздиҳӣ ширкат карданд. Барои "баргузоршуда" шумурдани интихобот, тибқи қонун бояд дар он 33%-и соҳибони ҳаққи раъй ширкат варзанд. Бе он ки натиҷаи интихобот эълон шаванд, ҳамагон бар инанд, ки президенти феълӣ Ислом Каримов барои ҳафт соли дигар раёсати Узбакистонро дар даст хоҳад дошт. Сухангӯи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА дар Варшава, Урдур Гуннарсдотир мегӯяд, гурӯҳи хурде аз нозирони САҲА дар интихобот ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG