Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари коршиносони тоҷик ба интихоботи Узбакистон


Коршиносони тоҷик мегӯянд, дар сурати пирӯзии Ислом Каримов муносиботи начандон «гарм»-у «самимӣ»-и Узбакистон бо Тоҷикистон тағйир нахоҳад ёфт.

Давлат Усмон, таҳлилгари тоҷик, бар ин назар аст, ки мушкил дар муносиботи Тоҷикистону Узбакистон то замоне боқӣ мемонад, ки ҷонибҳо ба манофеъи миллии ҳамдигар эҳтиром гузоранд ва нодида нагиранд. Вай афзуд, ихтилофи назарҳои миёни Тоҷикистону Узбакистон аслан усулӣ ҳастанд. Пофишории ҳар яке аз раҳбарони ин ду кишвар бештар дар сари ҳифзи манофеъи миллияшон аст ва аз ин лиҳоз, раисҷумҳури хоҳ Тоҷикистон иваз шавад ва хоҳ Узбакистон, шояд тағйироти ҷиддие дар муносибот сурат нагирад. Ба гуфтаи ӯ, то замоне ки ду кишвар барои худ мушаххас накунанд, ки то куҷо манофеъи миллии ҳамдигарро ҳифз ва ба он эҳтиромро қоил нашаванд, ин муносибатҳо бетағйир хоҳанд монд.

Ва аммо Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси Иттиҳодияи сиёсатшиносони Тоҷикистон, мегӯяд, вақтҳои ахир Узбакистон бо кишварҳои ҳамсоя қаробат меҷӯяд, аммо ӯ бовар надорад, ки дар сурати сари қудрат боқӣ мондани Ислом Каримов мушкиле мисли низоми раводид ҳал ва ба баҳсҳои сари тақсими об нукта гузошта шавад. Вай афзуд, ба ҳар ҳол Ислом Каримов солҳои охир мекӯшад бо кишварҳое, ки муносибати «гарм» бо Узбакистон надоранд, наздик шавад ва сафари ду моҳи пеши ӯ ба Туркманистон ва гуфтушунидҳо сари барқарор кардани хатҳои барқгузар аз Туркманистон ба Узбакистон ва Тоҷикистон далели ин гуфтаҳоянд. Аммо бо ин ки низоми раводид ҳанӯз вуҷуд дорад, баҳои газро Узбакистон ҳар сол боло мебарад, сари обҳои фаромарзӣ баҳс мекунад, беҳшавии муносибот зери суол боқӣ мемонад.

Вале сарфи назар аз вуҷуди мушкил дар муносиботи дипломатии Узбакистону Тоҷикистон, ҷонибҳо аз мизони мубодилаи молу коло изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Дар феҳрасти кишварҳое, ки бо Тоҷикистон мубодилаи мол доранд, Узбакистон пас аз Русия аз рӯйи ҳаҷми мубодила дар мақоми дуввум ҷойгир шудааст. Ҳамзамон коршиносон мегӯянд, солҳои оянда Узбакистон бинобар узвияташ дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва Ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё, низоми раводидро бекор ва зимнан дар сиёсати хориҷии худ таҷдиди назар хоҳад кард. Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, аз ҳамин гурӯҳи соҳибназарон аст, ки мегӯяд, ба қавле, «моро Худо ҳамсоя кардааст», бе якдигар ҳеҷ гоҳ корамонро анҷом дода наметавонем, бисёр масъалаҳои муштарак дорем.

Олим Бобоев афзуд, як сиёсати минтақаии дурустеро Узбакистон бояд пеш бигирад, вазъияти иқтисодии Узбакистон тақозо мекунад, ки системаи дарҳои кушодаро ҷиҳати барқарор кардани мубодилаи моло коло бо кишварҳои ҳамсуд, аз ҷумла Тоҷикистон, ба миён гузорад. Ба ҷуз ин мо проблемаҳои муштарак мисли обу барқ ва газ дорем, инчунин захираю имкониятҳое, ки ба фоидаи якдигар метавонем истифода барем. Аз ин рӯ тадриҷан Тоҷикистону Узбакистон водор мешаванд, то шароитҳои ҳамдигарро ба манфиатҳои тарафайн мутобиқ созанд.

Ҳамзамон рӯзи 23 декабр дар шаҳри Душанбе беш аз 100 шаҳрванди Узбакистон дар интихоботи раисҷумҳури ин кишвар ширкат варзиданд. Ба гуфтаи Миродил Абдураззоқов, яке аз масъулини ягона қитъаи интихоботӣ дар Тоҷикистон, ки дар бинои сафоратхонаи Узбакистон дар Душанбе воқеъ аст, беш аз 90 дарсади шаҳрвандони муқими он кишвар ба назди қуттии раъйдиҳӣ омадаанд. 20 декабр як ҳайати ҳафтнафараи Тоҷикистон таҳти раёсати Мирзоалӣ Болтуев, раиси Кумиссиюни марказии интихобот, ҷиҳати назорати рафти интихоботи президенти Узбакистон, вориди Тошканд шуданд.

Ҳарчанд нозирони интихоботӣ аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раванди маъракаҳои интихоботии Узбакистонро мусбат арзёбӣ мекунанд, аммо созмонҳои байналмилалӣ ҳадс мезананд, ки дар Узбакистон шароите барои баргузории интихоботи озоду шаффоф мавҷуд нест ва умуман дар ин интихобот интихоб вуҷуд нахоҳад дошт. Гуфта мешавад, ҳукумати Узбакистон қабл аз интихобот аксарияти намояндагиҳои созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар дар ин кишварро бастааст ва ба хабарнигорони хориҷӣ иҷозати вуруд ба Узбакистонро надодааст. Дар ҳамин ҳол Узбакистон ба далели интихобот аз 21 то 25 декабр вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро низ ба қаламраваш ба сурати якҷониба манъ кардааст.

XS
SM
MD
LG