Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил мехоҳад, сохтмонро дар заминҳои ишғолӣ идома диҳад


Вазорати сохтмони Исроил имрӯз хабар дод, ки нақша дорад, соли оянда дар қаламравҳои ишғолӣ дар наздикии Байтулмуқаддас ё Иерушалаим 740 хонаи нав бино кунад. Ин эълон дар ҳоле садо дод, ки фаластиниҳо ба қатъи комили ҳама гуна сохтмон дар ин қаламравҳо даъват кардаанд. Мақомоти исроилӣ мегӯянд, бунёди ин 740 манзил аллакай ба буҷаи соли ояндаи вазорат ворид гаштааст. Исроил шарқи арабнишини Байтулмуқаддас ё Иерушалаимро дар ҷараёни ҷанги соли 1967 дар Ховари Миёна ишғол карда буд.
XS
SM
MD
LG